АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
18.02.2025
Амнияти миллии ҳар як давлат бидуни артиши тавоно, ки дорои мутахассисони баландихтисос мебошад, ғайриимкон аст. Дар шароити таҳдидҳои муосир, аз ҷумла хатарҳои глобалӣ ва минтақавӣ, ба монанди терроризм, паҳншавии силоҳи қатли ом ва ҷиноятҳои фаромарзӣ, нақши дастгирии илмӣ ва таълимии нерӯҳои мусаллаҳ махсусан муҳим мегардад. Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон саҳми назаррас дар таҳкими қудрати дифоии кишвар дорад ва бо омода намудани мутахассисони баландихтисос барои муқовимати самаранок бо хатарҳои муосир ва таҳдидҳои глобалӣ фаъолона иштирок менамояд.
Тайёр намудани кадрҳо – ҷузъи стратегии сиёсати мудофиавии кишвар
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омода намудани кадрҳои баландихтисос барои Артиши Миллӣ ва сохторҳои қудратии кишвар мебошад. Нерӯҳои мусаллаҳи муосир на танҳо ба низомиён ва афсарони қавӣ, балки ба мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои амнияти радиатсионӣ, химиявӣ, биологӣ ва ҳастаӣ (ХБРЯ), муҳандисии низомӣ, амнияти иттилоотӣ ва таҳлили таҳдидҳои стратегӣ ниёз доранд.
Солҳои охир Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо шарикони миллӣ ва байналмилалӣ, барномаҳои омодасозии кадрҳои низомиро амалӣ менамояд, ки таваҷҷуҳи махсус ба соҳаҳои зерин равона менамояд:
- Мубориза бо таҳдидҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ (ХБРЯ);
- Истифодаи технологияҳои муосир барои ошкор ва пешгирии таҳдидҳо;
- Муҳофизати иншоотҳои стратегӣ аз ҳамлаҳои кимиёвӣ ва биологӣ;
- Роҳандозии мониторинг ва таҳлили хавфҳои амниятӣ;
Маркази минтақавии ХБРЯ – заминаи мустаҳкам барои омодасозии мутахассисони Артиши Миллӣ
Яке аз муҳимтарин қадамҳо дар рушди таҳқиқоти низомӣ ва омодасозии кадрҳо таъсиси Маркази минтақавии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ (ХБРЯ) дар назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Марказ бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо кумаки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Маркази мазкур муосир ва ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, як воҳиди калидӣ дар низоми омодасозии мутахассисони низомӣ ва кормандони сохторҳои қудратии кишвар мебошад. Дар маркази номбурда синфхонаҳои таълимии махсус ташкил шудааст, ки дар онҳо давраҳои омузишии махсус барои хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида мешаванд, аз ҷумла:
- Усулҳои ошкор ва муайянкунии маводи радиоактивӣ, химиявӣ ва биологӣ;
- Тадбирҳои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда ва ҳодисаҳои ХБРЯ;
- Стратегияҳои пешгирии интиқоли ғайриқонунии маводи ядроӣ;
- Муҳофизати аҳолӣ ва низомиён аз таъсири кимиёвӣ ва биологӣ
Ҳамзамон, дар Марказ озмоишгоҳҳои криминалистикаи ҳастаӣ фаъолият мекунад, ки ба мутахассисон имконияти омӯзиши усулҳои шиносоии манбаъҳои маводи радиоактивӣ ва таҳлили ҳолатҳои марбут ба қочоқи онҳо медиҳад.
Таҳқиқоти илмӣ барои таҳкими амнияти миллӣ
Илова ба омодасозии мутахассисон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, инчунин таҳқиқоти илмӣ анҷом дода, ба самтҳои зерин диққати махсус зоҳир менамояд:
- Таҳияи системаҳои пешгирикунандаи хатари радиатсионӣ ва биологӣ;
- Коркарди моделҳои таҳлили хавфҳои биологӣ дар минтақаҳои марзӣ;
- Беҳтарсозии муҳофизати иншоотҳои низомӣ аз ҳамлаҳои химиявӣ;
- Тадқиқот оид ба муҳофизати радиатсионии низомиён ҳангоми амалиёти ҷангӣ
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчунин бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ), Ташкилотҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид, Ташкилоти манъи силоҳи химиявӣ (ОЗХО), Ташкилоти манъи силоҳи биологӣ (КБТО) ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда, навтарин технологияҳо ва усулҳои омӯзиширо ба барномаҳои тайёрии кадрҳои низомӣ ворид менамояд.
Тақвияти иқтидори кадрии Артиши Миллӣ
Яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ миёни Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати мудофиа; Қушунҳои сарҳадӣ; Воҳидҳои таъиноташ махсуси Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар ин омода намудани афсарони оянда, таҳлилгарон ва олимони низомӣ мебошад. Дар асоси барномаҳои таҳиягардида, мутахассисони низомӣ имкони таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ дар беҳтарин озмоишгоҳҳо ва марказҳои тадқиқотии Агентиро доро мебошанд. Чунин шароит ба онҳо имкон медиҳад, ки:
-Сатҳи касбии худро баланд бардоранд;
-Бо технологияи пешрафта шинос гарданд;
-Дониши амиқро дар соҳаи амнияти ХБРЯ ба даст оранд
Ҳимояи Ватан – ифтихори мост! Иди Артиши Миллӣ муборак!
Дар шароити таҳдидҳои муосир, қувваи ҳарбӣ танҳо бо аслиҳаи пешрафта не, балки бо сатҳи баланди омодасозии кадрҳояш қавӣ мегардад. Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва омодасозии мутахассисон дар таҳкими қудрати мудофиавии кишвар саҳми арзанда мегузорад.
Таъсиси Маркази минтақавии ХБРЯ, ки бо дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, як қадами устувор дар самти ташаккули Артиши Миллии муосир ва технологӣ мебошад.
Дар ин рӯзи муборак, 23 феврал – Рӯзи Артиши Миллии Тоҷикистон, мо аз тамоми низомиён ва афсарони Ватан барои ҷасорат, садоқат ва хизмат ба Ватан изҳори сипос мекунем. Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон минбаъд низ ба манфиати таҳкими мудофиаи миллӣ ва рушди низоми таҳқиқоти илмии кишвар фаъолият хоҳад кард.
Рӯзи Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!
Илҳом Мирсаидзода д.и.т., профессор,
Директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ